БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

нобовариро эҷод менамояд. Кишварҳои мухталиф новобаста аз низоми сиёсиву иҷтимоии худ дар ин буҳрони маънавӣ гирифтор ҳастанд ва дахолат доштани якчанд давлатҳо дар умури дохилии давлатҳои боқимонда агар дар саросари таърихи башар ҳукумат доштааст, имрӯз низ бо дар назардошти ҳифзи манофеи геополитикӣ бо ниҳодҳои муосир идома меёбад.
Аммо роҳҳои дифоъ аз манфиатҳо абарқудратҳоро аз ҳамаи мушкилиҳое, ки башар бо онҳо рӯ ба рӯ меояд, эмин намегузорад.
Аввалан, таҳаввулот ғолибан ба ҷомеаи башар хос мебошад ва рушду тараққии колбуд маънои инкишофи узве аз онро надорад. Сониян, ҳама гуна пешрафт боз пасрафт маҳсуб мегардад ва пешравии як ниҳод омили пасравии ниҳоди дигар аст. Солисан, таҳаввулоти фикрӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва моливу иқтисодӣ мушкилиро аз байн нахоҳад бурд ва ҷомеа новобаста аз рушди гушношуниде боз дар уқёнуси мушкилӣ ғутавар мегардад. Аз ин хотир, интиқоли пасравӣ ва рукуд ва бозмондагӣ аз кишваре ба кишвари дигар бо ашколи гуногун аз қабили инқилобҳои вертуалӣ бо дар назардошти таҳия ва таҳмили маслакҳои муосири ҷаҳонӣ, ки аҳамияти умумибашариро дорост, агар натиҷаи муносиб ба бор оварад, низ ҷомеаи ҷаҳониро оқибат захролуд менамояд. Башар ба василаи таҳқиқҳои илми муайян аз гузаштаи дур воқиф гардида, алъон иртиботи дирӯзу имрӯзро муайян менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё