БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Алҳол, дар кишварҳои рӯ ба инкишоф соҳибихтиёрӣ рукни асосии татбиқсозии раванди муосирсозӣ маҳсуб мешавад. Лекин муосирсозиро аз раванди ҷаҳонишавӣ мутафовит донистаанд. Яке аз маъруфтарин намояндагони назарияи системаи ҷаҳонӣ Иммануил Валлерштейн бар ин назар аст, ки ҷаҳон дар давраи кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ, яъне аз ибтидои асрҳои XV—XVI бо ҷаҳонишавӣ оғоз кард. Сониян, ҷаҳонӣ шудан дар садаи гузашта аз Ғарб ба Амрико интиқол ёфта, муҳоҷирати васеъ яке аз рукнҳои асосии ҳамоҳангии фарҳангҳо гардид. Аммо дар замони муосир баъзан интиқоли суннатҳои дини насрониро мисли сияҳпӯшӣ ва инзиво бо дарназардошти раҳбоният дар ислом мушоҳида мекунем, ҳол он ки дар дини дувумӣ ранги сияҳ чандон мавриди пазириш қарор надоштааст.
Дигар ин ки инзиво агар дар бархе аз маслакҳои тасаввуфи исломӣ мушоҳида шаванд, дар фирқаҳои дини исломӣ таблиғи раҳбоният ҳаром муаррифӣ шудаанд. Бинобар ин, омили фарҳангӣ дар ташаккули ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф вижагиҳои фавқулоддаи таҳмилгароии динӣ тавассути гибридкунонии фарҳангҳо ва тамаддунҳост. Гибридкунӣ, яъне дурагасозии фарҳангӣ дар сатҳи ҷамъиятҳо низ имконпазир аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё