Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Аммо зимни табодули диндорӣ бо маромҳои сиёсӣ фақат таассуб мушоҳида шуда, оқибат таҳмилгироӣ ҷои таҳаммулпазириро танг менамояд ва барои ғалабаи таассуб бар ихтиёр заминаи мусоиде эҷод мекунад. Ин фикр дар фаъолияти ҳизбу созмонҳое, ки хусусияти иртиботӣ бо дин доранд, исбот шудааст, аммо ҳадаф аз сиёсисозии аҳкоми дин ҳануз дар нимаи дувуми садаи гузашта аксуламале алайҳи Шуравӣ буд ва алҳол ин назария бинобар татбиқшавии хеш дигаргунсозии низоми сиёсии давлатҳоест, ки аксар шаҳрвандонаш муслимин ҳастанд.
Масоили матраҳсозии ҳувияти фарҳангӣ аз замоне ба вуқуъ пайваст, ки фард фаҳмид, ки ӯ ба шинохти вижагиҳои ботинии худ ниёз дорад ва хештанро алайҳи ғайр қиёс намуд ва маҳз тафовутҳоеро зимни қиёс намуданҳо пайхас кард, ӯро водор намуданд, ки мавқеи худро дар иҷтимоъ муайян созад. Шояд муҳимтарин ва гиромитарин эҳсос худогоҳӣ буд, ки то кунун идома дорад ва маҳз ҳамин худогоҳӣ инсонро барои баррасии тафаккури эътиқодӣ водор сохт.
Бинобар ин, аз ҳамон лаҳзае, ки инсон барои донистани асрори ботинии хеш иқдом кардааст, бовариҳои динӣ низ эҷод шудаанд ва ҷомеаҳо дар бахши ҷудогонае мавсум ба дин аҳволи равонии хешро тамиз бахшиданд.

пешина
аз 303
навбатӣ