Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Маро кошкӣ дида гаштӣ табоҳ,
Надидӣ бад-ин сон кашонат ба роҳ.
Маро аз падар ин куҷо буд умед,
Ки пардахта монад канорам зи шед».
Чу гуфтори фарзанд бишнид шоҳ,
Ҷаҳон гашт дар пеши чашмаш сиёҳ.
2485 Бад-ў гуфт: «Баргарду эдар мапой,
Чӣ донӣ, ки эдар маро чист рой».
Дили шоҳи Турон бар ў-бар бисўхт,
Ҳаме хира чашми хирадро бидўхт.
Ба кохи баландаш яке хона буд,
Фарангис аз он хона бегона буд.
Бифармуд, то рўзбонон кашон
Мар ўро кашиданд чун беҳушон.
Дар он тирагиш-андар андохтанд,
Дари хонаро банд барсохтанд.
Кушта шудани Сиёвуш ба дасти
Гурўй
2490 Нигаҳ кард Гарсеваз андар Гурўй
Гурўи ситамгар бупечид рўй.
Биёмад, ба пеши Сиёвуш расид,
Ҷавонмардиву шарм шуд нопадид.
Бизад дасту риши шаҳаншаҳ гирифт,
Ба хорӣ кашидаш ба хок, эй шигифт!
Сиёвуш бинолид бар кирдгор,
Ки, эй бартар аз гардиши рўзгор,
Яке шоҳ пайдо кун аз тухми ман,
Чу хуршеди тобанда бар анҷуман,
2495 Ки хоҳад аз ин душманон кини ман,
Кунад дар ҷаҳон тоза оини ман.
Ҳунарҳову мардӣ ба ҷой оварад,
Ҷаҳонро саросар ба пой оварад.
Ҳаме шуд паси пушти ў Пилсам
Ду дида пур аз хуну дил пур зи ғам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё