Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Чу Гударзи Кашводи пўлодчанг,
Бидаррад дили шеру чарми паланг.
Чу Баҳрому чун Зангаи Шоварон,
Ки н-андешад аз гурзи кундоварон.
2465 Ҳамон Геви Гударз, к-ў рўзи кин
Ба ҷунбиш дарояд зи саҳмаш замин.
Ба сўги Сиёвуш ҳаме ҷўшад об,
Кунад чарх нафрин бар Афросиёб.
Ситамгар шудӣ бар тани хештан,
Басе ёдат ояд зи гуфтори ман.
На андар шикорӣ, ки гур афканӣ,
Дигар оҳувонро ба шўр афканӣ.
Ҳаме шаҳрёре рабоӣ зи гоҳ,
Ки нафрин кунад бар ту хуршеду моҳ.
2470 Мадеҳ шаҳри Турон ба хира ба бод,
Мабодо, ки панди ман ояд-т ёд».
Бигуфт ину рўи Сиёвуш бидид,
Ду рухро биканду фиғон баркашид,
Ки «Шоҳо, далеро, гаво, сарваро!
Сарафроз шерову кундоваро!
Ба Эрон бару бум бугзоштӣ,
Сипаҳдорро боб пиндоштӣ.
Кунун дастбаста, пиёда, кашон,
Куҷо афсару гоҳи гарданкашон?!
2475 Куҷо он ҳама аҳду савганди шоҳ,
Ки ларзанда шуд меҳру кайвону моҳ?!
Куҷо шоҳ-Ковусу гарданкашон,
Ки бинанд ин дам туро з-ин нишон?!
Куҷо Геву Тусу куҷо Пилтан,
Фаромарзу Дастону он анҷуман?!
Аз ин бад ба Эрон расад огаҳӣ,
Барошўбад он рўзгори беҳӣ.
Зи Гарсеваз омад туро бад ба рўй
Ки нафрин бар ў бо Дамуру Гурўй.
2480 Ҳар он кас, ки ёзад ба бад бар ту даст,
Бурида сараш боду афканда паст!
Ҷаҳондор ин бар ту осон кунод,
Дили душманонат ҳаросон кунод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё