Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Зи тухми Фаридуну аз Кайқубод
Фурўзандатар з-ин набошад нажод.
В-агар худ ҷуз ин роз дорад сипеҳр,
Наяфзоядаш ҳам ба андеша меҳр.
1605 Бихоҳад будан бегумон буданӣ,
Накоҳад ба парҳез афзуданӣ.
Нигаҳ кун, ки ин кор фаррух бувад,
Зи бахт он чи пурсӣ ту, посух бувад».
Ба Пирон чунин гуфт пас шаҳрёр,
Ки «Рои ту бар бад наёяд ба кор.
Ба фармону рои ту кардам сухун,
Ту шав, ҳар чи хоҳӣ, ба хубӣ бикун!»
Дуто гашт Пирону бурдаш намоз,
Басе офарин карду баргашт боз.
1610 Ба назди Сиёвуш хиромид зуд,
Бар ў баршумурд, он куҷо рафта буд.
Нишастанд шодон ҳама шаб ба ҳам
Ба бода бишустанд ҷонро зи ғам.
Арўсии Фарангис бо Сиёвуш
Чу хуршед аз чархи гарданда сар
Баровард бар сони заррин сипар,
Сипаҳдор Пирон миёнро бубаст,
Яке бораи тезтак-бар нишаст.
Ба кохи Сиёвахш бинҳод рўй,
Басе офарин кард бар фарри ўй.
1615 Чунин гуфт, к-«Имрўз барсоз кор
Ба меҳмонии духтари шаҳрёр.
Чу фармон диҳӣ, ман сазовори ўй
Миёнро бубандам ба тимори ўй».
Сиёвахшро дил пурозарм шуд,
Зи Пирон рухонаш пур аз шарм шуд,
Ки домод ў буд бар духтараш,
Ҳаме буд чун ҷону дил дар бараш.
Бад-ў гуфт: «Рав, ҳар чи хоҳӣ, бисоз,
Ту донӣ, ки аз ту маро нест роз».
1620 Чу бишнид Пирон, сўи хона рафт,
Дилу ҷон бубаст андар он кор тафт.
Дари хонаи ҷомаи нобурид
Ба Гулшаҳр биспурд Пирон калид,
Ки ў буд меҳбонуи паҳлавон,
Ситуда зане буду равшанравон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё