Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу суллоба бардоштандӣ ба х(в)ар
Ҳамин рондандӣ ҳама дар ба дар.

Маро бо набера шигифтӣ басе
Намудӣ ҳаме кордида касе.

1585 Сари тахту ганҷу сипоҳи маро
Ҳамон кишвару буму гоҳи маро,

Шавад аз набера саросар табоҳ,
Зи дасташ наёбам ба гетӣ паноҳ.

Бигирад ҳама сар ба сар кишварам,
Зи кораш бад ояд ҳаме бар сарам.

Кунун боварам шуд, ки ў ин бигуфт,
Ки гардуни гардон чӣ дорад нуҳуфт.

Аз ин ду назода яке шаҳрёр,
Биёяд, бигирад ҷаҳон дар канор.

1590 Ба Турон намонад бару буму руст,
Зи тахти ман андоза гирад нахуст.

Чаро кишт бояд дарахте ба даст,
Ки бораш бувад заҳру баргаш кабаст.

Зи Ковус в-аз тухми Афросиёб
Чу оташ бувад тез ё мавҷи об.

Надонам ба Эрон гирояд ба меҳр
В-агар сўи Турон кунад пок чеҳр.

Чаро бар гумон заҳр бояд чашид
Думи мор хира набояд газид.

1595 Бидорам-ш чандон, ки эдар бувад,
Маро ў ба ҷои бародар бувад.

Чу з-эдар кунад сўи Эрон гузар,
Ба хубӣ биёроям ўро сафар.

Фиристам ба некӣ ба назди падар
Чунон чун писандад ҳаме додгар».

Бад-ў гуфт Пирон, ки «Эй шаҳрёр,
Дилатро бад-ин кор ранҷа мадор.

Касе к-аз нажоди Сиёвуш бувад,
Хирадманду бедору хомуш бувад.

1600 Ба гуфти ситорашумар маграв эч,
Хирад гиру кори Сиёвуш басеч.

Аз ин ду нажода яке тоҷвар
Биёяд, барорад ба хуршед сар.

Ба Эрону Турон бувад шаҳрёр,
Ду кишвар баросояд аз корзор.

пешина
аз 234
навбатӣ