Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Андарз кардани Сиёвуш Фарангисро
Сиёвуш бад-ў гуфт, к -«Он хоби ман
Ба ҷой омаду тира шуд оби ман.
Маро зиндагонӣ сар омад ҳаме,
Ғами рўзи талх андаромад ҳаме.
Гар айвони ман сар ба кайвон кашид,
Ҳамон заҳри маргам бибояд чашид.
Агар сол гардад ҳазору дувист,
Ба ҷуз хоки тира маро ҷой нест.
2300 Яке синаи шер бошад-ш ҷой,
Яке каргасу дигареро ҳумой.
Зи шаб рўшноӣ наҷўяд касе,
Куҷо баҳра дорад зи дониш басе.
Туро панҷ моҳ аст обастанӣ
Аз ин номвар баччаи растанӣ.
Дарахти гузини ту бор оварад,
Яке номвар шаҳрёр оварад.
Сарафроз Кайхусраваш ном кун,
Ба ғам хўрдан ўро дилором кун.
2305 Зи хуршеди тобанда то тирахок
Гузар нест аз доди Яздони пок.
Зи парри паша то паи жандапил,
Ҳамон чашмаи обу дарёи Нил
Ниҳонӣ маро хоки Турон бувад,
Кӣ гўяд, ки хокам ба Эрон бувад?
Чунон гардад ин гунбази тезрав,
Сарои куҳанро нахонанд нав.
Аз ин пас ба фармони Афросиёб
Маро бахти хуррам дарояд ба хоб.
2310 Бибурранд бар бегунаҳ ин сарам,
Ба хуни ҷигар-бар ниҳанд афсарам.
На тобут ёбам, на гўру кафан,
На бар ман бигиряд касе з-анҷуман.
Бимонам ба сони ғарибон ба хок,
Сарам гашта аз тан ба шамшер чок.
Ба хорӣ туро рўзбонони шоҳ
Сару тан бараҳна барандат ба роҳ.
Биёяд сипаҳдор Пирон ба дар,
Ба хоҳиш бихоҳад туро аз падар.
2315 Накарда гуноҳе ба ҷон зинҳор
Ба айвони хешат барад хору зор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё