Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунон дидам, эй сарви симин, ба хоб,
Ки будӣ яке бекарон рўди об,

Яке кўҳи оташ ба дигар карон,
Гирифта лаби об ҷавшанварон.

2280 Ба як сў шудӣ оташи тез гирд,
Барафрўхтӣ з-ў Сиёвахшгирд.

Ба як даст оташ, ба як даст об,
Ба пеш андарун пилу Афросиёб.

Бидидӣ маро, рўй кардӣ дижам,
Дамидӣ бар он оташи тездам».

Фарангис гуфт: «Ин ҷуз аз некувӣ
Набошад, як имшаб магар биғнавӣ.

Ба Гарсеваз ояд ҳама бахти шум
Шавад кушта бар дасти солори Рум».

2285 Сиёвуш сипаҳро саросар бихонд,
Ба даргоҳу айвонашон барнишонд.

Басечида биншаст ханҷар ба чанг,
Талоя фиристод бар сўи Ганг.

Ду баҳра чу аз тирашаб даргузашт,
Савори талоя биёмад зи дашт,

Ки Афросиёбу фаровон сипоҳ
Падид омад аз дур тозон ба роҳ.

Зи наздики Гарсеваз омад наванд,
Ки бар чораи ҷон миёнро бубанд.

2290 Наёмад зи гуфтори ман ҳеч суд,
Зи оташ набинам магар тира дуд.

Нигар, то чӣ бояд кунун сохтан,
Сипаҳро куҷо бояд андохтан.

Сиёвуш надонист бозори ўй,
Ҳаме рост пиндошт гуфтори ўй.

Фарангис гуфт: «Эй хирадманд шоҳ,
Макун ҳеч гуна ба мо-дар нигоҳ.

Яке бораи гомзан - бар нишин,
Мабош эч эмин ба Туронзамин.

2295 Туро зинда хоҳам, ки монӣ ба ҷой,
Сари хештан гиру эдар мапой?»

пешина
аз 234
навбатӣ