Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Сиёвуш накард эч бар ман нигоҳ,
Пазира наёмад маро худ ба роҳ.
Сухан низ нашниду нома нахонд,
Маро зери тахташ ба зону нишонд.
Аз Эрон бад-ў нома пайваста шуд,
Ба мо-бар дари шаҳри ў баста шуд.
2245 Сипоҳе зи Руму сипоҳе зи Чин,
Ҳаме ҳар замон бархурўшад замин.
Ту бар кори ў гар диранг оварӣ,
Магар бод аз он пас ба чанг оварӣ.
Агар дер созӣ ту, ҷанг оварад,
Ду кишвар ба мардӣ ба чанг оварад.
В-агар сўи Эрон биронад сипоҳ,
Кӣ ёрад шудан сўи ў кинахоҳ?
Туро кардам огаҳ зи кирдори ўй,
Набояд, ки печӣ ту аз кори ўй».
Омадани Афросиёб ба ҷанги Сиёвуш
2250 Чу бишнид Афросиёб ин сухан,
Бар ў тоза шуд рўзгори куҳан.
Дилаш гашт пуроташу сар зи бод,
Ба Гарсеваз аз хашм посух надод.
Бифармуд, то баркашиданд ной,
Ҳамон синҷу шайпуру ҳиндидарой.
Бурун рафт аз Ганги хандонбиҳишт,
Дарахте зи кина ба наввӣ бикишт.
Бад-он гаҳ, ки Гарсевази пурфиреб
Гарон кард бар зин дуволи рикеб,
2255 Сиёвуш ба парда даромад ба дард,
Танаш ларз-ларзону рухсора зард.
Фарангис гуфт: «Эй гави шерчанг,
Чӣ будат, ки дигар шудастӣ ба ранг?».
Чунин дод посух, ки «Эй хубрўй,
Ба Турон сияҳ шуд маро обрўй.
Надонам, ки посух чӣ ронам ҳаме,
Дар ин кор хира бимонам ҳаме.
Агар рост гуфтори Гарсеваз аст,
Зи паргор баҳра маро марказ аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё