Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту хоҳишгарӣ кун, маро з-ў бихоҳ,
Ҳама ростӣ ҷўю бинмой роҳ».

Номаи Сиёвуш ба Афросиёб

Дабири пижўҳандаро пеш хонд,
Суханҳои огандаро барфишонд.

2225 Нахуст офаринандаро ёд кард,
Ки ў бандаро аз ғам озод кард.

Аз он пас хирадро ситоиш гирифт,
Абар шоҳи Турон ниёиш гирифт.

Ки «Эй шоҳи пирўзу беҳрўзгор,
Замона мабодо зи ту ёдгор!

Маро хостӣ, шод гаштам бад-он,
Ки бодо нишасти ту бо мўбадон.

Ва дигар Фарангисро хостӣ,
Ба меҳру вафо дил биёростӣ.

2230 Фарангис ноланда буд ин замон,
Ба лаб ночарону ба тан ночамон.

Бихуфту маро пеши болин бубаст,
Миёни ду гетиш бинам нишаст.

Маро дил пур аз рои дидори туст,
Равонам фурўзон зи гуфтори туст.

Зи ноландагӣ чун сабуктар шавад,
Фидои тани шоҳи кишвар шавад.

Баҳона маро низ озори ўст,
Ниҳонӣ маро дарду тимори ўст».

2235 Чу нома ба мўҳр андаромад, бидод
Ба зудӣ ба Гарсевази баднажод.

Диловар се аспи таковар бихост,
Ҳаме тохт яксар шабу рўз рост.

Ба серўза паймуд роҳи дароз
Чунон сахт роҳе нишебу фароз.

Чаҳорум биёмад ба даргоҳи шоҳ
Забон пурдурўғу равон пургуноҳ.

Фаровон бипурсидаш Афросиёб,
Чу дидаш пур аз ранҷу сар пуршитоб.

2240 «Чаро бошитоб омадӣ, -гуфт шоҳ,
Чи гуна сипардӣ чунин дур роҳ?».

Бад-ў гуфт: «Чун тира шуд рўзгор,
Нашояд сипардан ба бад рўзгор.

пешина
аз 234
навбатӣ