Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сиёвуш бад-ў гуфт, к-«Ин рой нест,
Маро бо набарди ту худ пой нест.

Набарди ду тан ҷанги майдон бувад
Пур аз хашм агар чеҳр, хандон бувад.

Зи гетӣ бародар туӣ шоҳро,
Ҳаме зери наъл оварӣ моҳро.

1990 Кунам ҳар чи гўӣ, ба фармони ту
В-аз ин нашканам рою паймони ту.

Зи ёрон яке шери ҷангӣ бихон,
Бар ин тезтаг борагӣ барнишон.

Гар эдун, ки роят набарди ман аст,
Сари саркашон зери гарди ман аст.

Бикўшам, ки нангӣ нагардам ба кор
Ба наздики он номвар шаҳрёр».

Бихандид Гарсевази номҷўй
Ҳамоно хуш омад-ш гуфтори ўй.

1995 Ба туркон чунин гуфт, к-«Эй саркашон,
Кӣ хоҳад, ки гардад ба гетӣ нишон?

Яке бо Сиёвуш набард оварад,
Сари саркашон зери гард оварад».

Ниюшанда буданду лаб бо гиреҳ,
Ба посух биёмад Гурўи Зиреҳ.

«Манам, - гуфт, - шоистаи коркард,
Агар нест ўро касе ҳамнабард».

Сиёвуш зи гуфти Гурўи Зиреҳ
Бурў пур зи чин карду рух пургиреҳ.

2000 Бад-ў гуфт Гарсеваз, «Эй шаҳрёр,
Зи гурдони лашкар варо нест ёр».

Сиёвуш бад-ў гуфт, к-«Аз ту гузашт,
Набарди бузургон маро хор гашт.

Аз эшон ду ял бояд ороста,
Ба майдон набарди маро хоста».

Дигар саркаше буд номаш Дамур,
Ки ҳамто набудаш ба Турон ба зўр.

Чу бишнид гуфти Сиёвуш, чу дуд
Биёмад, набардаш басечид зуд.

2005 Бирафтанд печон Дамуру Гурўй,
Сиёвуш ба овард бинҳод рўй.

Ба банди миёни Гурўи Зиреҳ
Фурў бурд чанголу барзад гиреҳ,

Зи зин баргирифташ, ба майдон фиканд,
Ниёзаш наёмад ба гурзу каманд.

В-аз он пас бипечид сўи Дамур,
Гирифташ бару гардани ў ба зўр.

пешина
аз 234
навбатӣ