Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фаровон бигаштанд гирди зиреҳ,
Зи майдон зиреҳ - бар нашуд як гиреҳ.

Сиёвуш сипар хост гелӣ чаҳор,
Ду ҷавшан дигар з-оҳани обдор.

Камон хост бо тирҳои хаданг,
Шаш андар миёну се чўба ба чанг.

1970 Яке дар камон ронду бифшорд рон,
Назора ба гирдаш сипоҳ обдор.

Бар он чор испар ду ҷавшан дигар
Гузар кард тири шаҳи номвар.

Бизад ҳам бар он гуна даҳ чўба тир,
Бар ў офарин кард барнову пир.

Аз онҳо яке бе гузора намонд,
Ҳаме ҳар касе номи Яздон бихонд.

Бад-ў гуфт Гарсеваз; «Эй шаҳрёр,
Ба Эрону Турон туро нест ёр.

1975 Биё, то ману ту ба овардгоҳ
Битозем ҳар ду ба пеши сипоҳ.

Бигирем ҳар ду дуволи камар
Ба кирдори ҷангӣ ду пархошвар.

Зи туркон маро нест ҳамто касе,
Чу аспам набинӣ зи аспон басе.

В-аз эронсипаҳ нест ҳамтои ту,
Ҳамоварди ту ё ба болои ту.

Гар эдун ки бардорамат ман зи зин,
Туро ногаҳон барзанам бар замин,

1980 Чунон дон, ки аз ту диловартарам,
Ба мардиву нерў зи ту бартарам.

В-агар ту маро барниҳӣ бар замин
Нагардам ба ҷое, ки ҷўянд кин».

Сиёвуш бад-ў гуфт к-«Ин худ магўй,
Ки ту меҳтарӣ, шери пархошҷўй.

Ҳамон аспи ту шоҳи аспи ман аст,
Кулоҳи ту озаргушаспи ман аст.

Ҷуз аз ту, зи Турон касе баргузин,
Ки бо ман бигардад на аз роҳи кин».

1985 Бад-ў гуфт Гарсеваз, «Эй номҷўй,
Зи бозӣ зиёне наёяд ба рўй,

Ки овард гиранд бо якдигар,
Бигиранд як -ду дуволи камар».

пешина
аз 234
навбатӣ