Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бигўяш, ки ҳарчанд ман солх(в)ард
Будам, некяздон маро шод кард.

Сиёвуш бад-ў гуфт: Гоҳи меҳӣ
Аз ин бачча ҳаргиз мабодо тиҳӣ!

1930 Фиристодаро дод чандин дирам,
Ки оранда гашт аз кашидан дижам.

Чу бишнид Гарсеваз он мужда, гуфт,
Ки «Пирон шуд имрўз бо шоҳ ҷуфт».

Ба кохи Фарангис рафтанд шод,
Варо низ аз он достон мужда дод.

Фарангисро дид бар тахти оҷ,
Ниҳода ба сар-бар зи фирўза тоҷ.

Парастор чанде ба зарринкулоҳ
Ситода ҳама моҳрух пеши моҳ.

Фуруд омад аз тахту бурдаш намоз,
Бипурсидаш аз ранҷи роҳи дароз.

Дилу мағзи Гарсеваз омад ба ҷўш,
Дигаргунатар шуд ба оину ҳуш.

Ба дил гуфт, соле бар ин бугзарад,
Сиёвуш касеро ба кас нашмарад.

Ҳамаш подшоҳиву ҳам тахтгоҳ,
Ҳамаш ганҷу ҳам буму бар, ҳам сипоҳ.

Ниҳони дили хеш пайдо накард,
Ҳаме буд печону рухсора зард.

1940 Бад-ў гуфт: «Бар хўрдӣ аз ранҷи хеш,
Ҳамасола шодондил аз ганҷи хеш».

Ниҳоданд дар кох заррин ду тахт,
Нишастанд шодондилу некбахт.

Навозандаи руд бо майгусор
Биёмад бари тахти гавҳарнигор.

Зи нолидани ною руду суруд
Зи шодӣ ҳаме дод дилро дуруд.

Гуфтор андар гўй задани Сиёвуш

Чу хуршеди тобанда бикшод роз,
Ба ҳар ҷой бинмуд чеҳр аз фароз,

1945 Сиёвуш аз айвон ба майдон гузашт,
Ба бозӣ ҳаме гирди майдон бигашт.

Чу Гарсеваз омад, бияндохт гўй,
Сипаҳбад сўи гўй бинҳод рўй.

Чу ў гўй дар хамми ҷавгон гирифт,
Ҳамоварди ў хоки майдон гирифт.

пешина
аз 234
навбатӣ