Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
1910 Фарангисро ҳадя бар ҳамчунин,
Бирав бо забони пур аз офарин.
Агар шоду хандон бувад мизбон,
Бад-он шаҳри хуррам ду ҳафта бимон».
Нигаҳ кард Гарсевази номдор
Саворони Турон гузида ҳазор.
Ханида савор андаровард гирд
Бишуд тозиён то Сиёвахшгирд.
Сиёвуш чу бишнид, омад ба роҳ,
Пазира шудаш тозиён бо сипоҳ.
1915 Гирифтанд мар якдигарро канор
Сиёвуш бипурсидаш аз шаҳрёр.
Ба айвон кашиданд аз он ҷойгоҳ,
Сиёвуш биёрост оромгоҳ.
Дигар рўз Гарсеваз омад пагоҳ,
Биёвард бо ҳадя пайғоми шоҳ.
Сиёвуш бад-он хилъати шаҳрёр
Нигаҳ карду шуд чун гул андар баҳор.
Нишаст аз бари бораи гомзан,
Саворони Эрон шуданд анҷуман.
1920 Ҳама шаҳру барзан якояк бад-ўй
Намуду сўи кох бинҳод рўй.
Зодани Фуруд - писари Сиёвуш
Ҳамон гаҳ ба назди Сиёвуш чу бод
Биёмад саворе, варо мужда дод,
Ки аз духтари паҳлавони сипоҳ
Яке кўдак омад чу тобанда моҳ.
Варо ном карданд фаррух Фуруд,
Ба тирашаб-андар чу Пирон шунуд,
Ҳамон гаҳ маро бо савори дигар
Бигуфто, ки рав, шоҳро мужда бар.
1925 Ҳамон модари кўдаки арҷманд,
Ҷарира сари бонувони баланд
Бифармуд хуфта ба фармонбарон
Задан дасти он хурд дар заъфарон.
Ниҳоданд бар пушти он номабар,
Ки назди Сиёвахши худкома бар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё