Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу диданд Лаҳҳоку Фаршедвард,
К-аз он лашкари гашн бархост гард,

Яке ҳамла карданд бар сўи Гев,
Бар он гурздорону мардони нев.

Буборид тир аз камони сарон
Бар он номдорони ҷавшангарон.

Чунон шуд, ки кас рўи кишвар надид,
Зи бас куштагон шуд замин нопадид.

1380 Яке пушт бар дигаре барнигошт,
Набугзошт он пойгаҳро, ки дошт.

Чунин гуфт Ҳуммон ба Фаршедвард,
Ки «Бо қалбгаҳ ҷуст бояд набард.

Фарибурз бояд, к-аз ин қалбгоҳ
Гурезон бипўяд зи пушти сипоҳ.

Пас осон бувад ҷанг бо маймана,
Ба чанг андарорем яксар буна».

Бирафтанд пас то ба қалби сипоҳ
Ба ҷанги Фарибурзи Ковусшоҳ.

1385 Зи Ҳумон гурезон бишуд паҳлавон,
Шикаст андаромад ба разми гавон.

Бидоданд гарданкашон ҷои хеш,
Бибуданд густох бо рои хеш.

Якояк ба душман супурданд ҷой,
Зи гурдони Эрон набуд кас ба пой.

Надиданд бар ҷой кўсу дурафш,
Зи пайкор шуд дидаҳошон бунафш.

Далерон ба душман намуданд пушт,
Аз он кор бод андаромад ба мушт.

1390 Нагун гашт кўсу дурафшу синон,
Набуд ҳеч пайдо рикеб аз инон.

Ки дилшон зи як бор баргашта буд,
Зи хун дашту кўҳ-андар оғушта буд.

Чу душман зи ҳар сўй анбўҳ шуд,
Фарибурз бар домани кўҳ шуд.

Бирафтанд аз эрониён, ҳар кӣ зист,
Бар он зиндагонӣ бибояд гирист.

Ҳаме буд бар ҷой Гударзу Гев,
Зи лашкар басе номдорони нев.

1395 Чу Гударзи Кашвод бар қалбгоҳ
Дурафши Фарибурзи Ковусшоҳ

пешина
аз 234
навбатӣ