Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

1360 Ту гуфтӣ ҷаҳон дар дами аждаҳост,
В-агар осмон бо замин гашт рост.

Сўи маймана Геви Гударз буд,
Куҷо мўбаду меҳтари марз буд.

Сўи майсара Ашкаши тезчанг,
Ки дарёи хун ронд ҳангоми ҷанг.

Ялон бо Фарибурзи Ковусшоҳ,
Дурафш аз паси пушт дар қалбгоҳ.

Фарибурз бо лашкари хеш гуфт,
Ки аз мо ҳунарҳо шуд андар нуҳуфт.

1365 Як имрўз чун шер ҷанг оварем,
Чаҳон бар бадандеш танг оварем,

К-аз ин нанг то ҷовидон бар сипоҳ
Бихандад ҳаме гурзу румикулоҳ.

Яке тирборон бикарданд сахт,
Чу боди хазон барҷаҳад бар дарахт.

Набуд ҳеч паррандаро ҷойгоҳ
Зи тиру зи гарди хурўшон сипоҳ.

Фарибурз чун лашкари Тур дид,
Фуруд омад аз кўҳу саф баркашид.

Дурахшидани теғи алмосгун,
Ба кирдори оташ ба гард - андарун.

1370 Ту гуфтӣ замин рўи зангӣ шудаст,
Ситора дили марди ҷангӣ шудаст.

Зи бас найзаву гурзу шамшери тез
Баромад ҳаме аз ҷаҳон растахез.

Зи қалби сипаҳ Гев шуд пеши саф,
Хурўшону бар лаб бароварда каф.

Або номдорони гударзиён,
К-аз эшон будӣ роҳи суду зиён.

Ба тиру ба найза баровехтанд,
Ҳаме з-оҳан оташ фурў рехтанд.

1375 Бибуд разми Гударзу Пирон дурушт,
Чу нўҳсад тан аз тухми Пирон бикушт.

пешина
аз 234
навбатӣ