Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу зеҳро ба шаст андарорӣ гиреҳ,
Хадангат наёбад гузар бар зиреҳ.

Силеҳи Сиёвуш бипўшад ба ҷанг,
Натарсад зи пайкони тири хаданг.

Бикаш чарху пайкон сўи асп рон,
Магар хаста гардад ҳаюни гарон.

Пиёда шавад, бозгардад магар,
Кашон чун сипаҳбад ба гардан сипар».

775 Камонро ба зеҳ кард ҷангӣ Фуруд,
Сари хонаи чарх бар китф суд.

Бизад тир бар синаи аспи Гев,
Фуруд омад аз аспу баргашт нев.

Зи боми Сипадкўҳ наъра бихост.
Ҳаме мағзи Гев аз гавожа бикост.

Бирафтанд гурдон ҳама пеши Гев,
Ки Яздон сипос, эй сарафрози нев,

Ки асп аст хаста, ту хаста наӣ.
Тавон шуд дигар бор, баста наӣ.

780 Бари Гев шуд Бежани шермард,
Фаровон суханҳо бигуфт аз набард,

Ки «Эй боби шеравжани паҳлавон,
Куҷо пил бо ту надорад тавон,

Чаро дид пушти туро як савор,
Ки дасти ту будӣ дили корзор?

Зи турке кунун асп хаста ба даст,
Бирафтӣ саросема бар сони маст».

Бад-ў гуфт: «Чун хаста шуд борагӣ,
Бад-ў додаме сар ба якборагӣ».

785 Ҳаме гуфт гуфторҳои дурушт,
Чу Бежан чунон дид, бинмуд пушт.

Барошуфт Гев аз кушоди бараш,
Яке тозиёна бизад бар сараш.

Бад-ў гуфт: «Нашнидӣ аз раҳнамой,
Ки дар ҷанг андеша бояд ба ҷой.

На ту мағз дорӣ, на рою хирад,
Мабодо касе, к-ў туро парварад».

Дили Бежан омад зи тезӣ ба дард,
Ба додори доранда савганд х(в)ард,

790 Ки зин барнадорам ман аз пушти асп,
Магар кушта оям ба кини Зарасп.

В-аз он ҷо биёмад дили пур зи ғам,
Сари пур зи кина бари Густаҳам.

пешина
аз 234
навбатӣ