Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳама ҷон фидои Сиёвуш кунем,
Набояд, ки ин бад фаромўш кунем.

Зараспи гаронмоя з-ў шуд ба бод,
Савори сарафрози нўзарнажод.

Ба хун аст ғарқа тани Ревниз,
Аз ин беш хорӣ чӣ бошад ба низ?!

755 Гар ў пури Ҷамм асту мағзи Қубод,
Яке дар ба нодонӣ андар кушод».

Разми Гев бо Фуруд

Ҳаме гуфту ҷавшан ҳаме баст гурм,
Гурозон биёмад чу бар кўҳ ғурм.

Фуруди Сиёвуш чу ўро бидид,
Яке боди сард аз миён баркашид.

Ҳаме гуфт, к-ин лашкари размсоз,
Надонанд роҳи нишебу фароз.

Ҳама як зи дигар диловартаранд,
Абар тораки лашкарон афсаранд.

760 Валекин хирад нест бо паҳлавон,
Сари бехирад чун тани беравон.

Набошанд пирўз, тарсам ба кин,
Магар Хусрав ояд ба Туронзамин.

Ба кини падар пушт пушт оварем,
Магар душманонро ба мушт оварем.

Бигў, к-ин савори сарафроз кист,
Ки бар дасту теғаш бибояд гирист?

Нигаҳ кард аз афрози боло Тахор,
Ба сўи нишеб-андарун хор-хор.

765 Бад-ў гуфт, к-«Ин аждаҳои дижам,
Ки мурғ аз ҳаво андарорад ба дам,

Ки дасти ниёи ту Пирон бубаст,
Ду лашкар зи Турон ба ҳам баршикаст.

Басе бепадар кард фарзанди хард,
Басе рўду кўҳу биёбон сипард.

Падар низ кард ў басе беҳунар.
Ба пай биспарад гардани шери нар.

Ба Эрон бародар туро ў кашид,
Ба Ҷайҳун гузар карду киштӣ надид.

770 Варо Гев хонанд, пил асту бас,
Гаҳи разм дарёи Нил асту бас.

пешина
аз 234
навбатӣ