Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Набер(у) писар буд ҳафтоду ҳашт,
Аз эшон набуд ҷой бар паҳндашт.
Паси ҳар як андар дигаргун дурафш,
Ҳама бодилу теғу зарринакафш.
Ту гуфтӣ, ки гетӣ ҳама зери ўст,
Сари сарварон зери шамшери ўст.
320 Чу омад ба наздикии тахти шоҳ,
Басе офарин кард бар тоҷу гоҳ.
Ба Гударз-бар шоҳ кард офарин,
Чу бар Геву бар лашкараш ҳамчунин,
Паси пушти Гударз Густаҳм буд,
Ки фарзанди бедор Гаждаҳм буд.
Ҳаме найза будӣ ба чангаш ба ҷанг,
Камон ёри ў буду тири хаданг.
Зи бозуш пайкон чу паррон шудӣ,
Ҳама дар дили сангу сандон шудӣ.
325 Або лашкари гашни ороста,
Пур аз гурзу шамшеру пур хоста.
Яке моҳпайкар дурафш аз бараш,
Ба абр андароварда тобон сараш.
Ҳаме хонд бар шаҳрёр офарин,
Аз ў шод шуд шоҳи Эронзамин.
Паси Густаҳам Ашкаши тезҳуш,
Ки бо рою дил буду бо мағзу ҳуш.
Яке гурздор аз нажоди Ҳумой,
Ба рое, ки ҷустиш, будӣ ба пой.
330 Сипоҳе зи гурдони кўчу балуч,
Сиголидаи ҷанг монанди ғўч,
Ки кас дар ҷаҳон пушти эшон надид,
Бараҳна як ангушти эшон надид.
Дурафше бароварда пайкарпаланг,
Ҳаме аз дурафшаш биёзид ҷанг.
Басе офарин карда бар шаҳрёр,
Бар он шодмон гардиши рўзгор.
Нигаҳ кард Кайхусрав аз пушти пил,
Рада он сипаҳро зада бар ду мил.
335 Писанд омадаш, сахт кард офарин
Бар он бахти бедору фаррухзамин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё