Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Зи дарё ту гўӣ, ки бархост мавҷ,
Сипоҳ андаромад ҳаме фавҷ-фавҷ.
Саропарда бурданд аз айвон ба дашт,
Сипеҳр аз хурўшидан осема гашт.
Чу бар пушти пил он шаҳи номвар
Задӣ мўҳра бар ҷому бастӣ камар.
300 Набудӣ ба ҳар подшоҳӣ раво
Нишастан магар бар дари подшо.
Аз он номвар хусрави саркашон,
Чунин буд дар подшоҳӣ нишон,
Ҳаме буд бар пил дар паҳндашт,
Бад-он то сипаҳ пеши ў даргузашт.
Нахустин Фарибурз буд пешрав,
Гузар кард пеши ҷаҳондори нав.
Або гурзу бо теғу зарринакафш,
Паси пушт хуршедпайкар дурафш.
305 Яке борае барнишаста саманд,
Ба фитрок-бар ҳалқа карда каманд.
Ҳаме рафт бо нозу бо зебу фар
Сипоҳе ҳама ғарқа дар симу зар.
Бар ў офарин кард шоҳи ҷаҳон,
Ки бодат бузургиву фарри меҳон!
Ба ҳар кор бахти ту пирўз бод,
Ҳама рўзгори ту наврўз бод!
Ба рафтан ба ҷузтандурустӣ мабод,
Ба бозомадан бар-т сустӣ мабод.
310 Пасаш боз Гударзи Кашвод буд,
Ки гетӣ ба рои вай обод буд.
Дурафш аз паси пушти ў шер буд,
Ки чангаш ба гурзу ба шамшер буд.
Ба чаппаш ҳаме рафт Руҳҳоми нев,
Сўи росташ чун сарафроз Гев.
Паси пушт Шедўш буд бо дурафш,
Замин гашта з-он шерпайкар бунафш.
Ҳазорон паси пушти ў сарфароз
Инондор бо найзаҳои дароз.
315 Яке гургпайкар дурафши сиёҳ
Паси пушти Гев-андарун бо сипоҳ.
Дурафши ҷаҳонҷўй Руҳҳоми бабр
Барафрошта найзааш сар ба абр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё