Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Биёвард сад тахта дебои Рум,
Ҳама пайкараш гавҳару зар-ш бум.

195 Ҳамон хаззу мансуҷу ҳам з-ин шумор
Яке ҷоми пургавҳари шоҳвор

Ниҳоданд пеши сарафроз шоҳ,
Чунин гуфт шоҳи ҷаҳон бо сипоҳ,

Ки «Инат баҳои сари бебаҳо
Палошони дижхими нараждаҳо.

Куҷо паҳлавон хондаш Афросиёб,
Ба бедории ў шавад сар ба хоб.

Сару теғу аспаш кӣ орад ба гард
Ба лашкаргаҳи мо ба рўзи набард?»

200 Сабук Бежани Гев бар пой ҷаст,
Миён куштани аждаҳоро бубаст.

Ба ҷом-андарун низ чанде гуҳар,
Ҳамон ҷома бардошт в-он ҷоми зар.

Басе офарин кард бар шаҳрёр,
Ки ҷовид бодо сари тоҷдор.

В-аз он ҷо биёмад ба ҷои нишаст
Гирифта чунон ҷоми гавҳар ба даст.

Ба ганҷур фармуд пас шаҳрёр,
Ки орад дусад ҷомаи зарнигор.

205 Ҳамон хаззу дебову ҳам парниён
Ду гулрух ба зуннор баста миён.

Чунин гуфт, к-«Ин ҳадя ўро диҳам,
В-аз он миннате низ бар сар ниҳам,

Ки тоҷи Тажов оварад пеши ман
Ва ё пеши ин номдор анҷуман,

Ки Афросиёбаш ба сар барниҳод,
Варо хонд домоди фаррухнажод».

Ҳамон Бежани Гев барҷаста боз,
Куҷо буд дар ҷанг чангаш дароз,

210 Парастандаву ҳадяҳо баргирифт,
Аз ў анҷуман монда андар шигифт.

Басе офарин карду биншаст шод,
Ки гетӣ ба Кайхусрав обод бод!

пешина
аз 234
навбатӣ