Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бифармуд, то бо камар даҳ ғулом,
Даҳ аспи таковар ба зарринлагом,
Зи пўшидарўён даҳ ороста
Биёвард ганҷур он хоста.
Чунин гуфт бедор шоҳи рама,
Ки «Аспони ин хубрўён ҳама
215 Касеро, ки чун сар бупечад Тажов,
Сазад, гар надорад дили шер тов.
Ба рух чун баҳору ба боло чу сарв,
Миёнаш чу ғарву ба рафтан тазарв.
Яке моҳрўй аст ном Испанўй,
Суманпайкару дилбару мушкбўй.
Набояд задан, чун биёбад-ш теғ,
Ки аз теғ бошад чунон рух дареғ.
220 Ба хамми камандаш бигирад камар,
Бад-он сон биёрад, ки дорад ба бар».
Бизад даст Бежан бад-он ҳам ба бар,
Биёмад бари шоҳи пирўзгар.
Ба шоҳи ҷаҳон-бар ситоиш гирифт,
Ҷаҳонофаринро ниёиш гирифт.
Аз ў шод шуд шаҳрёри бузург,
Чунон гуфт, к-«Эй номдори бузург,
Чу ту паҳлавон ёри душман мабод,
Дурахшанда ҷони ту бе тан мабод!»
225 Чаҳондор аз он пас ба ганҷур гуфт,
Ки «Даҳ ҷоми заррин биёр аз нуҳуфт».
Шамома ниҳоданд бар ҷоми зар,
Даҳ аз нуқраи хом ҳам пургуҳар.
Пур аз мушк ҷоме зи ёқути зард.
Зи пирўза ҷоми дигар лоҷвард.
Ақиқу зумуррад бар ў рехта,
Ба мушку гулоб-андар омехта.
Парастандаебо камар даҳ ғулом
Даҳ аспи гаронмоя зарринлагом.
230 Чунин гуфт, к-«Инро мар ўро, ки тов
Бувад дар танаш рўзи ҷанги Тажов.
Сарашро бад-он размгоҳ оварад,
Ба пеши диловар сипоҳ оварад».
Ба бар зад бар ин Геви Гударз даст,
Миён ҷанги он паҳлавонро бубаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё