Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ғамӣ шуд дили Тусу андеша кард,
Ки имрўз агар ман бисозам набард,

1275 Басе кушта ояд зи ҳарду сипоҳ,
Зи Эрон набархезад ин кинагоҳ.

Набошад ҷуз аз коми Афросиёб,
Сари бахти туркон барояд зи хоб.

Ба Турон расад тахти шоҳаншаҳӣ,
Сар ояд ҳама рўзгори беҳӣ.

Хирадманд мардеву ҷўяндароҳ
Фиристод наздики Ковусшоҳ,

Ки "Аз мо касе гар бар ин дашти ҷанг
Ниҳад бар камон чўби тири хаданг,

1280 Яке кина хезад, ки Афросиёб
Ҳама шаб набинад ҷуз инро ба хоб."

Рафтани Гударз ва Тус пеши Ковус
аз баҳри подшоҳӣ

Чу бишнид Ковус гуфтор рост,
Фиристод кас, ҳардувонро бихост.

Фиристода аз назди Ковусшоҳ
Биёмад бари паҳлавони сипоҳ.

Бад-ў гуфт нарм: «Эй ҷаҳондида пир,
Манеҳ заҳри бурранда дар ҷоми шир.

Бинеҳ теғу букшой банд аз миён,
Набояд, ки ин суд гардадзиён.

1285 Сипаҳпаҳлавонон абе анҷуман
Хироманд ҳар ду ба наздики ман».

Бишуд Тусу Гударз наздики шоҳ,
Сухан баркушоданд бар пешгоҳ.

Чунин гуфт Туси сипаҳбад ба шоҳ,
Ки «Гар шоҳ сер омад аз тоҷгоҳ,

Ба фарзанд бояд, ки монад ҷаҳон,
Бузургиву дайҳиму тахти меҳон.

пешина
аз 234
навбатӣ