Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Чу фарзанд бошад, набера кулоҳ
Чаро барниҳад, барнишинад ба гоҳ?
1290 Фарибурз бо фарру бурзи каён
Миён баста дорад чу шери жиён».
Бад-ў гуфт Гударз, к-«Эй камхирад,
Туро бихрад аз мардумон нашмарад.
Ба гетӣ касе чун Сиёвуш набуд,
Чун ў роду бедору хомуш набуд.
Кунун ин ҷаҳонҷўй фарзанди ўст,
Ҳамон аст гўӣ ба чеҳру ба пўст.
Гар аз Тур дорад зи модар нажод,
Ҳам аз тухми шоҳӣ напечад зи дод.
1295 Ба Эрону Турон чунон мард нест,
Чунин хом гуфторат аз баҳри чист?
Ду чашмат надидаст худ чеҳри ўй,
Чунон бурзу болову он меҳри ўй.
Ба Ҷайҳун гузар кард, киштӣ наҷуст
Ба фарри каёну ба рои дуруст.
Чу шоҳи Фаридун, к-аз Арвандрўд
Гузашту наёмад ба киштӣ фуруд,
Зи мардиву аз фарраи эзадӣ
Аз ў дур шуд чашму дасти бадӣ.
1300 Дигар, к-ў ба хуни падар бар миён
Бубандад камар ҳамчу шери жиён,
Аз Эрон бигардонад ў ранҷу тоб,
Бувад бар кафаш ҳуши Афросиёб.
Маро гуфт дар хоб фаррух Суруш,
Ки фарраш нишонад аз Эрон хурўш.
Чу орояд ў тоҷу тахти меҳон,
Баросояд аз ранҷу сахтӣ ҷаҳон.
Ту нўзарнажодӣ, на бегонаӣ,
Падар тунд буду ту девонаӣ.
1305 Силеҳи ман ар бо ман астӣ кунун,
Бару ёли ту кардаме ғарқи хун.
Ба теғи набардӣ туро хастаме,
В-аз ин гуфти беҳуда ворастаме.
Миёни каён душманӣ афканӣ,
В-аз он хештан дар манӣ афканӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё