Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бигуфташ суханҳо аз ин сон дурушт,
Ба тундӣ аз он ҷой бинмуд пушт.
Биёмад, ба Гударзи Кашвод гуфт,
Ки роюхираднест бо Тус ҷуфт.
Ду чашмаш, ту гўӣ, набинад ҳаме,
Фарибурзро баргузинад ҳаме.
1260 Ба Эрон набошад чу Хусрав савор,
На бар зини заррин чун ў шаҳрёр.
Хашм кардани Гударз бо Тус
Барошуфт Гударзу гуфт: «Аз меҳон
Ҳаме Тус кам бод андар ҷаҳон!
Намоем ўро, ки фармону тахт
Киро зебаду фарру аврангу бахт».
Наберу писар дошт ҳафтоду ҳашт,
Бизад кўсу омад аз айвон ба дашт.
Саворони ҷангӣ даҳу ду ҳазор
Бирафтанд баргустувонвар савор.
1265 Сипаҳдор Гударзи лашкаршикан,
Сипоҳаш зи гударзиён анҷуман.
В-аз он сў биёмад сипаҳдор Тус,
Бубастанд бар кўҳаи пил кўс.
Бубастанд гурдон фаровон миён,
Ба пеш-андарун ахтари ковиён.
Чу Гударзро диду чандон сипоҳ.
К-аз он хира шуд чашми хуршеду моҳ.
Яке тахт бар кўҳаи жандапил
Зи пирўза тобон ба кирдори нил.
1270 Ҷаҳонҷўй Кайхусрави тоҷвар
Нишаста бар он тахту баста камар.
Ба гирд-андараш жандапилон дувист,
Ту гуфтӣ ба гетӣ ҷуз ў шоҳ нест.
Бар он тахт метофт Хусрав чу моҳ,
Зи ёқути рахшандабар сар кулоҳ.
Або ёраву тавқу бо гўшвор,
Ба даст-андарун гурзаи говсор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё