Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Биёмад, ба Туси сипаҳбад бигуфт,
Ки «Ин рои ту бо хирад нест ҷуфт».
Чу бишнид, посух чунин дод Тус,
Ки «Бар мо на хуб аст кардан фусўс.
Ба Эрон пас аз Рустами пилтан
Сарафрози лашкар манам з-анҷуман.
Набери Манучеҳршоҳи далер,
Ки гетӣ ба теғ андаровард зер.
1240 Манам пури Нўзар ҷаҳоншаҳрёр,
Зи тухми Фаридун манам ёдгор.
Ҳар он ҷо, ки пархош ҷўям, ба чанг
Бидаррам дили шеру чарми паланг.
Ҳаме бе ман оину рой оваред,
Ҷаҳонро зи нав кадхудой оваред.
Набошам бар ин кор ҳамдостон,
Зи Хусрав мазан пеши ман достон.
Ҷаҳондор, к-аз тухми Афросиёб
Нишонем, бахт андарояд ба хоб.
1245 Нахоҳем шоҳ аз нажоди Пашанг,
Фасила на некў бувад бо паланг.
Ту ин ранҷҳоро, ки бурдӣ, бар аст,
Ки Хусрав ҷавон асту кундовар аст.
Касе к-ў бувад шаҳрёри замин,
Ҳунар бояду гавҳару фарру дин.
Фарибурз-фарзанди Ковусшоҳ
Сазовортар з-ў ба тахту кулоҳ.
Ба ҳар сў зи душман надорад нажод,
Ҳамаш фарру зеб асту ҳам ному дод».
1250 Дижам Гев бархост аз пеши ўй,
Ки хом омадаш донишу кеши ўй.
Бад-ў гуфт, к - «Эй номвар нев Тус,
Набояд, ки печӣ гаҳи захм кўс.
Чу бинӣ синонҳои гударзиён,
Аз ин суд ҷустан сар ояд зиён.
Басе ранҷ бурдем ҳар ду ба ҳам,
Кунун додӣ онро ба боду ба дам.
Туро гар будӣ фарру рои дуруст,
Зи Албурз шоҳе набоист ҷуст.
1255 Зи афсар сари ту аз он шуд тиҳӣ,
Ки на мағз будат, на рои меҳӣ.
Касеро диҳад тахти шоҳӣ Худой,
Ки бо фарру бурз асту бо ҳушу рой».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё