Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Дар айвонҳо гоҳи заррин ниҳод,
Фарозаш ҳама дебаи Чин ниҳод.
Бару буму пайванд бугзоштӣ.
Фаровон ба раҳ ранҷ бардоштӣ.
«Кунун шаҳри Эрон сарои ту аст,
Маро раҳнамоянда рои ту аст».
1220 Маҳи бонувон хондаш офарин,
Ки бе ту мабодо замону замин.
Саркашӣ кардани Тус аз Кайхусрав
Яке кохи Кашвод буд дар Ситахр,
Ки озодагонро бад-он буд фахр.
Чу аз тахти Ковус бархостанд,
Ба айвони ў рафтан оростанд.
Ҳаме гуфт Гударз бо шаҳрёр,
Чу омад бад-он гулшани зарнигор.
Бар авранги заррин-ш биншонданд,
Ба шоҳӣ бар ў офарин хонданд.
1225 Бубастанд гурдони Эрон камар,
Ҷуз аз Туси Нузар, ки печид сар,
Ки ў буд бо кўсу зарринакафш,
Ҳам ўро будӣ ковиёнӣ дурафш.
Аз он кор Гударз шуд тезмағз,
Паёме бари ў фиристод нағз.
Биёмад ҷаҳонҷўй Геви далер,
Ки чанги ялон дошт, оҳанги шер.
Бад-ў гуфт: «Бо Туси Нузар бигўй,
Ки ҳангоми шодӣ баҳона маҷўй.
1230 Бузургону шерони Эронзамин
Ҳама шоҳро хонданд офарин.
Чаро сар кашӣ ту ба фармони дев,
Бупечӣ сар аз роҳи кайҳонхидев?
Агар сар бупечӣ зи фармони шоҳ,
Маро бо ту кин хезаду размгоҳ.
Фиристода Гев асту пайғоми ман
Ба дастурии номдор анҷуман.
Биёяд ба назди ту, эй пурҳунар,
Мапечон зи гуфтори ў ҳеч сар».
1235 Зи пеши падар Гев бинмуд пушт,
Дилаш пур зи гуфторҳои дурушт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё