Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба хамми камандаш баровехтӣ.
Зи дур аз бараш хок баррехтӣ.

Бад-он то надонад касе рози ўй,
Ҳамон нашнавад ному овози ўй.

615 Якеро ҳаме бурд бо хештан,
Куҷо раҳнамун буд аз он анҷуман.

Ҳаме рафт бо ў ҳам эдун ба роҳ,
Бар ў роз накшод то чанд гоҳ.

Бад-ў гуфт: «Рўзе, ки андар ҷаҳон
Сухан пурсам аз ту яке дар ниҳон,

Гар эдун, ки ёбам зи ту ростӣ,
Бишўӣ ба дониш дил аз костӣ,

Бубахшам ба ту, ҳар чӣ хоҳӣ зи ман,
Надорам дареғ аз ту ман ҷону тан».

620 Чунин дод посух, ки «Дониш бас аст,
Валекин пароканда бо ҳар кас аст.

В-агар з-он ки пурсим, ҳаст огаҳӣ,
Зи посух наёбӣ забонам тиҳӣ».

Бад-ў гуфт: «Кайхусрав эдар куҷост,
Бибояд сухан баркушодан-т рост?»

Чунин дод посух, ки «Нашнидаам,
Худ ин ном ҳаргиз напурсидаам».

Чу посух чунин гуфт он раҳнамун,
Бизад теғу андохташ сарнагун.

Ёфтан Кайхусравро

625 Ҳаме рафт ҳар ҷой чун беҳушон,
Магар ёбад аз шоҳзода нишон.

Чунин то баромад бар ин ҳафт сол,
Миён суда аз теғу банди дувол.

Хуриш гўру пўшиш ҳама чарми гўр,
Гиё хўрд гоҳеву гоҳ оби шўр.

Ҳаме гашт гирди биёбону кўҳ,
Ба ранҷу ба сахтиву дур аз гурўҳ.

Бад-он гаҳ ки Рустам бар ин рўи об
Биёвард лашкар ҳам андар шитоб.

630 Сипаҳдори Турон ба Ганг омада,
Дигарбора Турон ба ҷанг омада.

пешина
аз 234
навбатӣ