Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

Н. МУҚАДДАС.

Тоҷикистони мо

Дар ҷаҳон бешумор
Шаҳру деҳ, сарзамин,
Лек якто бувад
Кишвари гул барин
Тоҷикистони мо!
Тоҷикистони мо!

Дорад оби чу қанд,
Кӯҳҳои баланд,
Рӯдҳои бузург,
Мардуми сарбаланд
Тоҷикистони мо!
Тоҷикистони мо!

Гашта бо халқи худ
Дар ҷаҳон номдор,
Гашта бо кори худ
Боиси ифтихор
Тоҷикистони мо!
Тоҷикистони мо!

пешина
аз 57