Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

И. МУҚАДДАС.

Ду модари Фирӯза

Фирӯзаҷони моро,
Гули хандони моро
Гӯяд ҳама балоча,
Балочаи доноча.
Гапҳои пӯхта гӯяд,
Ба ҳар дил роҳ ҷӯяд...

Дирӯз ман пурсидам:
Барои ӯ дар олам
Кӣ аз ҳама азизтар!
Гӯфто, ки ҳар ду модар.
Чун ин гапаш шунидам,
Ҳайрон шуда пурсидам:
— Ҷони амак, ту оё
Дорӣ ду модар?
Гӯфто:
— Ҳа, ман дорам ду модар,
Яке дар хона, дигар —
Дар боғчаи бачагон,
Мураббия номи он.

пешина
аз 57
навбатӣ