Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хонданА. ҚОДИРИ.
Ту-ту-ту-ту, мурғони ман
I.
Биёед, мурғони ман,
Мурғони чаққонии ман.
Ту-ту-ту-ту-ту-ту-ту
Биёед бар лаби ҷӯ,
Биёед, ба шумоён
Медиҳам ман обу дон.
Шикамҳотон, ки сер шуд,
Ба катак дароед зуд.
Ту-ту-ту-ту-ту-ту-ту
II.
Чун ҳаррӯза, вақти шом
Биравед хоби ором.
Саҳар суруд сароед,
Тухми бисёр намоед.
То ки очаам хезад,
Тухмбирьёне пазад.
Ту-ту-ту-ту-ту-ту-ту,
Биёед бар лаби ҷӯ.
Ту-ту-ту-ту-ту-ту-ту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё