Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

А. ҚОДИРИ

Ба мактаб

Мутриба хуррам зи ҳад
Ин саҳарӣ аз ҳама
Роҳравон мекунад
Ашӯлае замзама:

«Зочаи хушрӯи ман,
Хайр кунун, нағз мон!
Мешавам ин субҳдам
Сӯи дабистон равон.

Боғчаи дилкушо,
Нағз бимонӣ ту ҳам,
Ман ба барат солҳо
Шоду ғазалхон будам.

Аз пасам акнун наё,
Хайбаракам, хона рав!
Ман кунун аз ин пагоҳ
Толибаам, хона дав!»

пешина
аз 57
навбатӣ