Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хонданР. ОЗОД.
Уқоҷони ман
Модарҷонам аз духтур
Нини харида омад,
Биё, нишон медиҳам, —
Соро ба гап даромад.
Ин зочаамро, Мунир,
Хоҳӣ, худи худат гир.
Ман ба ҷои ин зоча
Мебардорам уқоча.
Либосашро мешӯям,
Сонӣ алла мегӯям,
Кори ман ҷуда бисёр,
Зоча ҳозир нодаркор.
Уқоҷонам Диловар,
Ба ҷони ман баробар.
Хандаҳои вай ширин,
Рӯяш сафед гул барин.
Нишаста рӯ ба рӯяш,
Ту бин ҷингила мӯяш.
Аз ҳамаи зочаҳо
Уқоҷони ман зебо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё