Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан«Не»-ро мошин зад
Олимҷон бачаи нағз,
Лекин як одаташ бад:
Ба вай коре фармоед,
Албатта, «не!» мегӯяд.
— Олимҷон, шӯхӣ накун!
— Не! — мегӯяд дар ҷавоб.
— Вақти боғчаравӣ шуд!
— Не! Намехезам аз хоб!
Аз «не»-гӯии Олим
Қаҳри акояш омад.
— Медонӣ, дирӯз «не»-ро, —
Гуфто, — дар роҳ мошин зад.
Аз ҳамон рӯз Олимҷон
Ҳаргиз «не!» намегӯяд.
Касе «не» гӯяд ба он,
— «Не» мурдагӣ! — мегӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё