Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
КӯдаконШеърМаориф
Аз аввал хонданР. ОЗОД.
Дӯстони ман
I.
Эй ҷӯраҷон, зуд биё,
Равем ба хонаи мо.
Ба ту нишон медиҳам
Ман ғалати тамошо.
II.
Дорам бузи нағмагар,
Бузичаи бозингар.
Албатта ҳайрон шавӣ,
Ту ӯро бинӣ агар.
III.
Дигар дорам майдакак
Мусичаи нағзакак.
Ба ӯ бахшида хонам
Ду-се мисраъ байтакак.
IV.
«Мусичаи бегуноҳ,
Рӯи сандалӣ баро.
Думатро қайчӣ кунам,
Нӯлатро мучӣ кунам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё