Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
МаорифКӯдаконШеър
Аз аввал хонданА. ҚОДИРИ.
Шамол ва олу
Шамоли баҳор омад
Давр гашта саҳроро,
Шӯҳикунон даромад
Аз дари ҳавлии мо.
Ба вай ниҳоли олу
Таъзим намуда гуфто:
— Эй меҳмонаки хубрӯ,
Биё, биё, марҳабо!
Шамол гашта ба олу
Як лаҳзаяке меҳмон,
Ҳавлиро рӯфта доду
Пас, шуд ба роҳаш равон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё