Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Дузд дар гӯшае нишаста буд. Ҳоло ҳам дар ҳарос буд ва ба худ меандешид: «Вай метавонист маро бихӯрад. Аҷабо, барои чӣ вай маро нахӯрд». Ба роҳ нигарист. Дид, ки шағоле меояд. Ба замин хобид ва бо ҷомааш рӯяшро пӯшонд.
Шағол дар гирди ӯ мегашт ва худ ба худ «Ин саркуб кӣ бошад? Як бор рӯйи ӯро бубинам»,— гӯён ба сари дузд наздик шуд.
Дар ин дам дузд ногаҳон дасташро аз таги ҷома берун кард ва аз думи шағол гирифту ӯро чун фирфирак тоб дод. Дузд то хаста шуданаш шағолро тоб доду дур партофт.
Шағол тарсону ларзон рӯ ба гурез ниҳоду ба назди паланг омад ва гуфт:
– Амакҷон, шумо маро фиреб кардед. Вай саркуб не, аз дум тобдиҳанда будааст.
Ҳар ду тозон ба дарунтари ҷангал даромаданд. Дар он ҷо ба хирс вохӯрданд.
– Ҳа, ҷиянҷоҳо, ба куҷоҳо ин қадар шитоб доред? – пурсид хирс.
Шағол гуфт:
– Аз дум тобдиҳанда маро гирди сараш чунон тоб дод, ки қариб ҷонам баромада буд.
– Ку бубинем, ҷиянҷа, оё вай аз ҳамонҳое нест, ки чандтояшонро тӯъмаи хом карда будам?
– Не, не амакҷон. Ӯро ту хӯрда наметавонӣ. Хайр, агар майл дорӣ, бирав кӯшиш кун, ки оё ӯро тӯъмаи худ карда метавонӣ.
Ба хирс роҳро нишон доданд ва ӯ раҳсипар шуд. Дузд дар ҷойи пешинааш қарор дошт. Дид, ки хирс ба тарафи ӯ меояд. «Барои аз ин хирс раҳои ёфтан ба дарахт баромадан лозим меояд» — гуфт ӯ. Ба дарахт баромад. Хирс низ аз паси ӯ ба дарахт баромадан гирифт. Дузд ба тарсу ларз боло мебаромад. Хирс аз паси ӯ мебаромад. Ҳар ду ба нӯги дарахт, ба шохи бориктарин расиданд. Шохи дарахт шикаст ва ҳар дуяшон ба замин афтоданд. Хирси вазнин аввал афтод, дузд ба болои ӯ афтод. Ба азобу ранҷ хирс аз таги дузд халос хӯрд ва рӯ ба гурез ниҳод.
Дар ҷангал бо шағол вохӯрду гуфт:
Чиянча, ту аз куҷо ин фиребу найрангро ёд гирифтай? Гуфтӣ, ки вай аз дум тобдиҳанда аст, вале ман дидам, ки вай ба пушт афтанда аст.
Бо ҳамин найранги тасодуфӣ дузд аз марг наҷот ёфт. 1
Хонандагони арҷманд, албатта шахсони бадкор ҳеҷ гоҳ ба мақсад намемерасанд. Дузду паланг, ки мақсади нопок доштанд, оқибат ба бало гирифтор шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё