Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

ман кистам? – давом дод суханашро балуч, – Ман ҳамон моҳиям, ки барои озод карданам чор рупия дода будӣ. Он рӯз ту ба ман некӣ кардӣ, ман ҳам дар ҳаққи ту некӣ кардам.

Балуч суханашро ба охир расониду аз назари Ниҳол нопадид гашт.1

Хонандагони азиз, некӣ ҷовидон мемонад. Бадӣ аз дасти ҳамагон меояд, вале кори бад бар сари одамон мусибат меорад. Аз ин рӯ, ҳамеша кори нек анҷом диҳед.

ДУЗД, ПАЛАНГ, ХИРС ВА ШАҒОЛ

Буд набуд як бойе буд. Вай гови бисёр ва барзагови ниҳоят калоне дошт. Вақте рамаи ӯро барои чаронидан ба беша мебурданд, паланг ҳамеша мегуфт: «Агар ман ин барзагови фарбеҳро мехӯрдам, чанд рӯз сер мегаштам».

Дар деҳа дузде ҳам зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамеша мегуфт: «Агар ман ин барзаговро дуздида метавонистам, бурда ба бозор мефурӯхтам ва кисаам пури пул мешуд».

Яке аз рӯзҳои баҳор паланг қасди рабудани барзаговро кард. Дузд ҳам ба ҳамин қарор омад.

1 Сказки, басни и легенди белуджей. – М.: «Наука», 1989. – с. 40-49.

пешина
аз 87
навбатӣ