Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

кард. Пас аз чанде вазир ба хизмати шоҳ расиду бароиш об овард. Ғазаби шоҳ басанда шуд. Ба боло нигоҳ карду дид, ки дар шохи дарахт мори мурдае овезон аст ва аз даҳони ӯ заҳр мечакад. Подшоҳ дарк кард, ки дар куштани боз саросема шудааст, чунки боз ӯро аз марг наҷот дода буд. Шоҳо, ту ҳам дар куштани дӯсти ман шитоб макун. Аввал бисанҷу бубин, пас аз он амал бикун, вагарна пушаймон хоҳӣ шуд.

Подшоҳ ҳикояти балучро шунида ба хонаи хоб баргашт. Малика пурсид:
– Ту ӯро ба қатл расонидӣ?
– Не, ман ӯро пас аз дамидани субҳ ба қатл мерасонам.
– Ман талаб дорам, ки ту ӯро ҳозир ба қатл бирасонӣ,— гуфт малика.

Шоҳ ба назди посбонон баргашт. Балуч ба ӯ гуфт:
– Шоҳо, иҷозат бидеҳ ба ту ҳикояти дигаре бигӯям.

Шоҳ розӣ шуд ва балуч ҳикояташро оғоз кард:
– Дар қасри ҳамон подшоҳе, ки шикори оҳуро дӯст медошт, тӯтие мезист. Ин тӯтиро ҳамчинонаш ба тӯй даъват карданд. Тӯтӣ ба подшоҳ муроҷиат карда барои ба тӯй рафтанаш иҷозат хост.
– Ту мургӣ, парида меравӣ ва барнамегардӣ,— гуфт подшоҳ.
– Не, ҷаноб, ман ваъда медиҳам, ки бармегардам,— ҷавоб дод тӯтӣ.

пешина
аз 87
навбатӣ