Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
ва пианино гузошта шуда буданд. «Маҳлуқ маро хӯрдани аст, пас ин чизҳоро барои чӣ овардааст?» - боз аз дил гузаронид Зебосанам. Дар болои мизи ин хона оинае буд ва дар болои он ин навишта буд: «Ҳар он чӣ ки Зебосанам хост, иҷро мекунам».
- Падарамро дидан мехоҳам, - гуфт Зебосанам.
Оина падари ӯро нишон дод. Зебосанам падари худро ғамгину озурда дида хеле рӯҳафтода шуд.
Баъди ин ҳама Зебосанам дигар аз маҳлуқи девсурат наметарсид. Зебосанам ҳис кард, ки ин маҳлуқ бадкор нест.
Шомгоҳ дар сари дастархони пурнозу неъмат маҳлуқи девсурат аз Зебосанам пурсид:
-
Иҷозат медиҳӣ, хӯрокхӯриатро тамошо кунам?
-
Шумо хӯҷайни ман ҳастед, ҳоҷат ба пурсидан нест, - ҷавоб дод Зебосанам.
-
Не, дар ин ҷой гуфтаи ту низ барои ман ҳукм аст, - гуфт маҳлуқ ва андешамандона пурсишро идома дод, - росташро гӯй, ман зиштрӯям.
-
Шумо зебо нестед, вале бисёр меҳрубонед, - ҷавоб дод Зебосанам.
-
Ақлу хиради ту маро дар ҳайрат гузошт, - гуфт маҳлуқи девсурат.
Аз байни хеле вақт гузашт ва рӯзе маҳлуқи девсурат аз Зебосанам хоҳиши хонадоршавӣ кард. Девсурат аз Зебосанам ҷавоби рад шунида гиря кард ва аз назди ӯ дур шуд.
Аз байни се моҳ гузашт ва ҳар гоҳ вақти хӯрок маҳлуқи девсурат ба Зебосанам менигаристу бо ҳасрат мегуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё