Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
ҳайрат гузошт:
– Чӣ кори хуб шуд, ки апаҳоямро бо ин тангаву тилло ба шавҳар медиҳем ва онҳо хушбахт мешаванд.
Рӯзи дигар ба зориву таваллои бародарон нигоҳ накарда, Зебосанам дуои падари пирашро гирифт ва роҳ ба сӯйи хонаи махлуқи девсурат пеш гирифт. Ҳангоми хайрухуш апаҳои бераҳму беҳирадаш ба чашмони худ пиёз молиданд, то оби чашмашон ҷорӣ шаваду Зебосанам аз онҳо наранҷад. Онҳо хурсанд буданд, ки аз ӯ халос мешаванд.
Аспи падар Зебосанамро зуд ба хонаи махлуқи девсурат расонд. Зебосанам вориди кулба шуду дастархони барои ду нафар оросташударо дид.
«Ин махлуқ баъди наҳорӣ маро хӯрдан мехоҳад» – аз дил гузаронид ӯ.
Баъди нисфирӯзӣ махлуқи девсурат аз куҷое пайдо шуд. Ӯ ғазаболуд аз Зебосанам пурсид:
– Ту бо хости худ ин ҷой омадӣ?
– Ҳа, – бо овози паст ҷавоб гардонид духтари ҳирадманд.
– Ту одами нек ҳастӣ, ман ба ту ҳеҷ бадиро раво намебинам, – гуфт махлуқ.
«Аз тақдир ҷойи гурез нест, барои ин ман набояд ба ҳарос афтам» – аз дил гузаронид Зебосанам. Ба ин фикру хаёл ӯ саҳарӣ махлуқро дар кулба надида, хост кулба ва боғро тамошо кунад. Зебосанам ба хонаи боҳашамате даромада дид, ки дар гӯшае навишта шудааст: «Хона барои Зебосанам». Дар ин хонаи барҳаво китобҳои зиёде

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё