Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Шоҳ ҳафт шабонарӯз тӯю сур барпо кард. Онҳо зану шавҳар шуданд ва шоду хуррам мезистанд.
Як сол ё ду сол гузашт, боз шоҳ дар либоси гадоён ба шаҳрҳову деҳаҳои қаламраваш баромад; мехост бидонад, ки мардум дар бораи ӯ чӣ мегӯянд.
Ҳангоми яке аз саргузаштҳояш шоҳ ба дасти ғоратгарон афтод; онҳо намедонистанд, ки ӯ шоҳ аст. Подшоҳ худро ба онҳо қолинбоф гуфт. Ғоратгарон аз ҳунараш огоҳ шуда, ӯро накуштанд, вайро ба савдогари калоне фурӯхтанд.
Савдогар шоҳро дар хоначаи тангу торике ҷой кард; пашм дод ва фармуд, ки биресаду қолин бибофад.
Шоҳ розӣ шуд. Қолини зебое бофт, ки назираш дар ҷаҳон набуд.
Зани савдогар қолинро дида ба шавҳараш гуфт:
– Бифармой, ӯ қолине калон баробари толори шоҳ бибофад. Онро барои шоҳ бибар, албатта соҳиби тӯҳфаи арзанда хоҳӣ шуд.
Савдогар ба коргоҳи қолинбоф омаду гуфт:
– Мехоҳам ба шоҳ ҳадя бибарам. Қолине бибоф, ки назираш дар рӯйи ҷаҳон набошад. Ба ғайр аз ин, қолин бояд ба дарозиву бараш ба толори шоҳ мувофиқ, на хурду на калон бошад. Агар ин амрро иҷро накунӣ, саратро аз танат ҷудо мекунам.
Шоҳ аз ин амр хурсанд шуд, дарозиву барии толорашро хуб медонист. Мувофиқи фармудаи хоҷааш қолин бофт. Дар кунҷи қолин вай моҳирона ҷумлае навишт, ки онро танҳо малика

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё