Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
хонда метавонист. Дар он ҷо вай аз аҳволи худ ва ба куҷо афтоданашро хабар дода буд.
Қолини бофтаи шоҳ — қолинбоф ба савдогар маъқул шуд ва онро ба қасри шоҳ бурд.
Вазирону надимон аз тӯҳфаи овардашуда маликаро огоҳ карданд. Малика фармуд, ки қолинро дар толор паҳн кунанд. Дид, ки он ба пуррагӣ ба ҳаҷми толор мувофиқат мекунад. Қолинро бо диққат аз назар гузаронид. Дар як гӯшааш ҷумлаи навиштаи шоҳ — қолинбофро дид ва онро хонд. Аз аҳволи шоҳ ва ба куҷо афтоданаш огоҳ шуд. Рангу рӯяш канд. Шоҳ пеш аз ин ҳафтаҳову моҳҳо ва баъзан соле дар кишвараш мегашт, аммо ба ин гуна ҳолати ногувор наафтода буд.
Малика амр кард, ки ба зудӣ қолинбофро сиҳату саломат ба қаср биоваранд.
Вазирону надимон ҳамроҳи савдогар ба хонааш рафтанд. Ба коргоҳи тангу торики қолинбоф даромаданд. Дар ин муддат шоҳ хеле тағйир ёфта буд ва онҳо ӯро нашинохтанд. Қолинбофро ба ҳаммом бурданд, либоси наву тоза пӯшониданд ва ба қасри шоҳ расониданд. Савдогар ба шоҳ одоби салому рафторро дар қаср ёд медод.
Вақте шоҳ ба толор даромад, малика ӯро шинохт ва ба пешвозаш баромад. Ҳар ду ҳамоғӯш шуданд, дасту рӯйи ҳамдигарро мебӯсиданд.
Шоҳ гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё