Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
мехоҳад ӯро малика бикунад. Вазиру надимони шоҳ ӯро бовар кунонданд ва вай андеша карду гуфт:
- Мо раияти шоҳем, сухани ӯ бароимон қонун аст. Пас ба духтараш муроҷиат кард:
- Духтарам, шоҳ вазиру надимони худро ба хостгорӣ фиристодааст. Мехоҳад, ки ту зани шоҳ - малика бошӣ. Ба онҳо чӣ бигӯем?
Духтар пурсид:
- Шоҳ ягон ҳунар дорад?
- Духтарам, ту девона шудаӣ? Ба шоҳ ҳунар чӣ даркор аст? Ӯ фармонфармои ҷаҳон аст. Ҳар чизе бихоҳад, барояш дастрас аст, ҳар коре, ки бихоҳад, мекунад. Мо ҳама хизматгузорони ӯем.
- Не, шавҳари ман бояд ҳунаре дошта бошад, дар акси ҳол ман завҷаи ӯ намешавам.
Вазиру надимон баргаштанд, ҷавоби духтарро ба шоҳ расониданд. Шоҳ ҳайрон шуд, вале дигар чорае надошт. Шоҳ одил буд, зӯрӣ карда духтарро ба даст овардан намехост. Меҳри он духтар дар дилаш сахт ҷой гирифта буд, барои ҳамин ба қароре омад, ки ҳунаре биомӯзад.
Касби аз ҳама осон - қолинбофиро интихоб кард. Ин касбро ба пуррагӣ омӯхт ва барои арӯси ояндааш қолини зебое бофт.
Вақте вазиру надимон бори дуюм ба хонаи деҳқон омада қолини бофтаи шоҳро оварданд ва аз соҳиби касб гаштани шоҳ хабар доданд, духтар розӣ буданашро изҳор кард. Бо падару модараш хайрбод кард ва ҳамроҳи вазиру надимон ба қасри шоҳ раҳсипор гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё