Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

НаврасонАфсона
Аз аввал хондан

— Албатта, — ҷавоб дод шутур. — Ҳамаи ин шутурҳое, ки пеш аз ман дар корвон рафта истодаанд, зодагони ман писарому набераҳоям мебошанд. Ман онҳоро калон кардам, ба воя расонидам.
Ҳоло, ки ман пир шудаам ва ба зӯр роҳ мегардам, онҳо мехоҳанд маро дар биёбон монда бираванд. Магар ин корашон некист?

— Шунидӣ, —
хашмгинона фишос зад
мор ва боз ҳам гулӯи
таърифхӯҷаро фишор дод.

Ба роҳашон мерафтанд. Аз пешашон дарахти
калони тути хушкидае баромад. Таърифхӯҷа
истод ва аз дарахт пурсид:

— Эй дарахт, ту солҳост, ки дар ин ҷаҳон зиндагӣ дорӣ, баду неки дунёро дидаӣ. Бигӯ, оё ба некӣ бадӣ кардан равост?

— Албатта, — ҷавоб дод дарахт. Солҳои дароз ман ба ҳамаи роҳгузарон, ки дар зерам истироҳат мекарданд, соябон будам. Баргҳои сероби маро хӯҷаинам ба кирмакҳояш медод. Аз парвариши кирмак ва пила вай бой шуд. Акнун вай мехоҳад маро бурида, аз чӯбам ҳезум тайёр кунад. Магар ҳамин аст сазои некҳои ман?

пешина
аз 87
навбатӣ