Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Мансурро наздаш чеғ зада амр дод, ки рафта дар ҳавзи аждаҳои обӣ кӯзаро бишӯяд ва бе тӯҳфа барнагардад.
Писари тарсуи ӯ ноилоҷ ба роҳ баромад.
Мансури золиму танбал баъди чанде роҳ рафтан ба кафтор вохӯрд.
Кафтор пурсид:
– Ба куҷо рафта истодай?
– Модарам маро ба ҳавзи аждаҳои обӣ барои шустани кӯза ва овардани тӯҳфа фиристод, – бадкаҳрона ҷавоб дод Мансур.
Кафтор дилсӯзона гуфт:
– Оё ту намедонӣ, ки дар он ҷой аждаҳои обӣ ҳамаро ба коми худ фурӯ мебарад? Аз роҳат баргард!
– Ту дурӯғ мегӯйӣ, бародарам Абубакр аз он ҷой зинда баргашт ва тангаву тиллои зиёде бо худ овард.
Инро гуфта, ба сӯйи кафтор санг партофт ва ба роҳи худ равон шуд.
Ӯ хеле роҳ рафт ва нисфирӯзӣ ба фил рӯбарӯ шуд.
– Аз ин роҳ баргард, ки он туро ба сӯйи ҳавзи аждаҳо мебарад, ҳеҷ кас аз он ҷой зинда барнагаштааст, – бо алам гуфт фили меҳрубон.
– Ту ҳам дурӯггӯй ҳастӣ, бародарам Абубакр аз он ҷой зинда баргашт ва тангаву тиллои зиёде бо худ овард. Инро гуфта, Мансури бадҳашм ба сӯйи фил низ санг партофт ва ба роҳи худ равон шуд.
Баъди чанд шабонарӯз ба назди ҳавзи афсонавӣ расид. Банохост шамолу тӯфон хеста оби ҳавз ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё