Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
тахтапушти Аждаҳо ҳамагонро талхакаф мекард. Бо вуҷуди ин Абубакри софдилу ҷасур ба молиши тахтапушти ӯ сар карда, дар андак фурсат пушти онро тозаву озода намуд, ки ин амали хуб меҳри Аждаҳоро нисбат ба писарак афзун намуд. Аждаҳо қаноатмандона гуфт:
— Раҳмат ба ту писарам, ту калонсолонро ҳурмату эҳтиром менамоӣ. Бишин бар пушти ман, туро ба хонаатон бибарам.
Абубакр бар пушти Аждаҳо нишаст ва ин махлуқи бадҳайбат дар як мижжа задан ӯро ба соҳили ҳавз расонид ва вақти хайрухуш ба дасти писарак як халтаи калон дода, хоҳиш кард, ки онро вақти ба хона расидан бикушояд.
Абубакр хушҳол шуду чӣ тавр ба хона расиданашро нафаҳмида монд. Дар хона Абубакрро дида чашмони модарандар аз косахонаи сар гӯё баромаданд, ӯ боварӣ надошт, ки писар зинда баргаштааст. Модарандари баднафси бадкирдор аз дасти писарак халтаро гирифта зуд онро кушод ва дид, ки халта пур аз тангаву тилло ва ҷавоҳирот аст. Модарандари бераҳм баъди ин ҳодиса Абубакрро зери мушту лагад гирифта шиканҷа медод ва мегуфт:
— Ту дурӯғ мегӯӣ, то ҳол касе аз назди Аждаҳо зинда барнагаштааст.
Абубакр гиряолуд ҷавоб дод, ки:
— Аждаҳо меҳрубону инсондӯст аст ва маро то соҳил худи ӯ овард.
Саропои модарандар аз рашку ҳасад месӯхт ва оқибат аз ҳасудиву баднафсӣ фарзанди ягонаи худ—

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё