Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Кафтор ботааҷуб гуфт:
–Оё ту намедонӣ, ки дар он ҷой аждаҳои обӣ ҳамаро ба коми худ фурӯ мебарад? Аз роҳат баргард!
–Наметавонам, ман модар надорам, модарандарам фармудааст, ки ин корро бикунам, ман маҷбурам...– гиряолуд гуфт Абубакр ва боз ба роҳи худ равон шуд.
Ӯ хеле роҳ рафт ва вақти нисфирӯзӣ ба як фил рӯбарӯ шуд.
–Аз ин роҳ баргард, ки он туро ба сӯйи ҳавзи аждаҳо мебарад,– гуфт фил.
–Медонам,– ҷавоб дод Абубакр, – аммо роҳи ба қафо баргашт надорам, бояд гуфтаи модарандарамро иҷро кунам.
–Писарҷон, ба он ҷой нарав, ҳеҷ кас аз он ҷой барнагаштааст,– бо алам гуфт фили меҳрубон.
Аммо Абубакри софдилу ҳалолкор роҳи худро давом додан гирифт, зеро барояш назди модарандар баргаштан бо марг баробар буд.
Ҳамин тавр ӯ чанд шабу чанд рӯз роҳ тай кард ва оқибат ба назди ҳавзи афсонавӣ расид. Банохост шамолу тӯфон хеста оби ҳавз ба талотум даромад ва аз миёни оби каб-кабуди он махлуқи бадҳайбате баромад. Ин аждаҳо буд. Вуҷуди Абубакри хурдсолро тарс фаро гирифт, вале ӯ худро ба даст гирифта ба аждаҳо нигарист.
–Ту кистӣ ва дар назди ҳавзи ман чӣ кор мекунӣ? – бо қаҳр пурсид аждаҳо.
–Маро модарандарам барои шустани кӯза ин ҷой фиристод,– ҷавоб дод Абубакр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё