Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

ТӮХФАИ АЖДАҲО
(Афсонаи мардуми Гвинея-Бисау)

Буд набуд, дар як кишвар писаре бо номи Абубакр буд. Писарак рӯзгори хушу обод дошт, аммо хушбахтии ӯ дер давом накард. Ӯ ҳанӯз хурдсол буд, ки модараш аз олам гузашт ва падараш зани дигар гирифт. Модарандари ӯ зани бераҳм ва золим буд. Ин зан Мансур ном писаре дошт. Писари вай беодоб ва саркаш буд. Модарандар доимо Абубакрро озор медод, намегузошт, ки либоси дуруст пӯшад ва саривақт хӯрок хӯрад. Пасмондаи хӯроки писари худро ба Абубакр медод. Ҳамаи кори хона бар дӯши Абубакри бечора буд. Ӯ аз саҳар то бегоҳ беист кор мекард, вале боре ҳам модарандар ӯро ором намегузошт. Ягона фикри ин зани зишт нобуд сохтани Абубакр буд. Бо ин мақсад ӯ рӯзе Абубакрро наздаш хонда, гуфт:
—Эй нокас, бирав, кӯзаро дар ҳавзи аждаҳои обӣ бишӯй, танҳо дар ҳамон ҳавз, на дар ҷойи дигар!

Абубакр дар бораи ин ҳавз қиссаҳои ваҳмангези зиёде шунида буд, аммо ӯ бояд фармони модарандарро иҷро мекард.

Писараки бечора ба фикр фурӯ рафта буд ва дар бешазор аз пешаш баромадани кафторро нафаҳмида монд.

Кафтор пурсид:
— Ба куҷо меравӣ?
— Ба ҳавзи аждаҳои обӣ барои шустани кӯза, — ҷавоб дод Абубакр.

пешина
аз 87
навбатӣ